Мулоқот дар ҳузури Ш.Саид
Душанбе, 13.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- 11 май раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дар шаҳри Душанбе бо директори намояндагиҳои байналмилалии Палатаи савдо ва саноати Дубай Абдул Азиз Хон, роҳбари намояндагии ПСС Дубай дар Озарбойҷон Санон Насибли ва мутахассиси бахши маводи ғизоии раёсати шаҳри Дубай Марям Бешварӣ мулоқот анҷом дод. Бино ба хабари ПСС ҶТ, ҷонибҳо аз рӯи масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, судури маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ поки кишоварзии Тоҷикистон ба Дубай табодули афкор намуданд.Абдул Азиз Хон изҳор дошт, ки Аморати Муттаҳидаи Араб ба меваю сабзавоти тозаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.Шариф Саид таваҷҷуҳи меҳмононро ба шиносоӣ бо дастовардҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт ва илму фарҳанг ҷалб намуда, зикр намуд, ки ин дастовардҳо ба афзоиши боварии соҳибкорони ҳар ду кишвар ба якдигар мусоидат мекунад. «Кишварҳои мо барои рушди муносибатҳои мутақобилан муфид имконоти фаровон доранд. Заминаи мавҷудаи шартномавию ҳуқуқӣ, фаъолияти судманди байни палатаҳо, парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри «Душанбе — Дубай» барои рушди ҳамкории ҳамаҷониба шароити мусоид фароҳам меоранд. Муомилоти ҳозираи молӣ байни кишварҳоямон, ки қариб 100 миллион долларро ташкил медиҳад, ба имконоти мавҷуда мувофиқат намекунад, бинобар ин бояд онро ба як миллиард доллари ИМА расонем», — зикр намуд раиси ПСС ҶТ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






