Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ги Юнли
Душанбе, 13.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Президенти Корпоратсияи 19-уми роҳсозии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ги Юнли мулоқот кард.Дар мулоқот масоили иштироки корпоратсияи мазкур дар татбиқи лоиҳаи сохтмони нақбу пулҳои қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Тавре ки зикр гардид, дар асоси қарордоди дуҷониба Корпоратсияи 19-уми роҳсозии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи татбиқи лоиҳаи сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа дар бунёди се нақб ва панҷ пул иштирок менамояд.Таъкид шуд, ки сохтмони ин қитъаи роҳи оҳан бо фарогирии нақбу пулҳо бояд бо сифати баланд анҷом дода шавад, зеро ин роҳ дар оянда қитьае аз роҳи оҳани байналмилалии Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон хоҳад буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






