Мулоқоти Қ. Расулзода бо соҳибкорони Олмон
Душанбе, 18.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳайати соҳибкорону тоҷирони Ҷумҳурии Федеролии Олмон мулоқот кард. Ҳайати тоҷирону соҳибкорони Олмон бо роҳбарии директори генералии Кумита оид ба иқтисодиёти шарқ Райнер Линдер барои иштирок дар анҷумани тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистон ва Олмон ба Душанбе ташриф овардаанд.
Зимни мулоқот муҳимияти тақвияти ҳамкории дуҷониба дар бахши энергетика, кишоварзӣ, коркарди ашёи хоми маҳалӣ, туризм ва такмили ихтисоси мутахассисони бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёт мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар ин робита таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон барои амалӣ намудани тамоми нақшаю барномаҳои ба хотири тақвияти робитаҳо пеш гирифтаи тоҷирону соҳибкорони Олмон шароит фароҳам оварда, лоиҳаи ҳамкориро дар ин бахшҳои афзалиятнок дастгирӣ менамояд.
Бо назардошти таҷриба ва имконоти бузурги Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар истеҳсоли техника ва технологияҳои муосир пешниҳод шуд, ки доираи соҳибкорону тоҷирони ин кишвари пешрафтаи Аврупо ба бунёди корхонаҳои муштараки коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди пахта ва саноати дӯзандагӣ дар Тоҷикистон ҷалб гардида, дар татбиқи лоиҳаи сохтмон ва навсозии неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ ва хаттҳои интиқоли қувваи барқ иштирок намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






