Мулоқоти А.Қодирӣ бо сафири Ҷопон
Хуҷанд, 15.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Имрӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камадаро ба ҳузур пазируфт. Тавре ки аз хадамоти матбуотии раиси вилоят иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкориҳои минтақавӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сафири Ҷопон Такаши Камада ҳадафи сафарашро ба вилояти Суғд чун шиносоӣ бо ҷараёни татбиқи як силсила лоиҳаҳои аз ҷониби сафорати Ҷопон дар вилояти Суғд амалишаванда маънидод намуд. Аз ҷумла Такаши Камада аз муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Ҷопон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки ҷониби Ҷопон хостори густариши ҳамкориҳо мебошад.
Абдураҳмон Қодирӣ баён дошт, ки дар вилоят имкониятҳои фаровон баҳри рушди ҳамкориҳои бахши хусусӣ ва фазои муътадили сармоягузорӣ мавҷуд буда, ҷалби технологияи пешрафтаи ҷопониро барои соҳаҳои саноату кишоварзии вилоят мувофиқи мақсад шуморид. Ба гуфти раиси вилоят соҳибкорони ҷопонӣ метавонанд аз ҷумла дар самти бунёди биноҳои баландошёна ва бунёди боғҳо дар миқёси вилоят ширкат варзанд ва дар ин замина ширкатҳои бонуфузи ҷопонӣ имкон доранд дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар миқёси вилоят низ намояндагиҳои хешро таъсис дода, фаъолияти босамарро ба роҳ монанд.
Бояд хотиррасон кард, ки алъон дар Суғд бо дастгирии сафорати ин кишвар чор лоиҳа-барқарор намудани шуъбаи сироятии беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, дастрас намудани таҷҳизоти таълимӣ барои 7 мактаби шаҳри Исфара, барқарорсозии шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом ва дастрас намудани техникаи кишоварзӣ ба деҳаи Дархони ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Ғончӣ амалӣ гардида, панҷ лоиҳаи дигар дар шаҳру навоҳии вилоят дар ҳолати иҷро қарор дорад. Дар маҷмӯъ сафорати Ҷопон дар миқёси вилояти Суғд 70 лоиҳаро ба анҷом расонидааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






