Мулоқоти А. Абдуллозода бо Э. Салзман
Душанбе, 6.05.2015. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Имрӯз раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо муовини сардори Бахши сиёсӣ ва идоракунии иқтисоди Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Эрик Салзман мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкории кишварҳо дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор намуда, масъалаҳои марбут ба ин соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни мулоқот Эрик Салзман барои мулоқот арзи сипос намуда, гуфт, Тоҷикистон имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ дар соҳаи туризмро дорад. Номбурда аз меҳмонхонаҳои сатҳи байналмилалӣ дар Душанбе ёдовар гардида, изҳор дошт, ки дар пойтахти мамлакат шароит барои сайёҳон мавҷуд аст.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вобаста ба имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ дар кишвар сухан карда, изҳор намуд, ки барои рушди туризм Соли 2015- соли рушди туризми дохилӣ эълон гардидааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дод .
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи туризм, баланд бардоштани малакаи кории мутахассисони соҳа, ҷалби туристон ба кишвар ва дигар масоили мавриди назар андешаронӣ карданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар соли 2014 1683 нафар ва дар семоҳаи аввали соли 2015 501 нафар сайёҳ аз Амрико ба Тоҷикистон ташриф оварда, кишвари Амрико дар даҳгонаи ташрифоти шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардидааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






