Мулоқоти А. Абдуллозода бо сафири Украина
Душанбе 20.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрӯз раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо Сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк мулоқот анҷом дод.
Тавре ки дар ин бора Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дод, дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкории кишварҳо дар соҳаи сайёҳӣ, варзиш ва ҷавонон табодули афкор намуданд.
Гуфта мешавад, Аҳтам Абдуллозода дар мулоқот ҳамкории кишварҳоро дар самти ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои ҳарду ҷониб муфид арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ин вохӯрӣ метавонад барои боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни мардуми Украина ва Тоҷикистон заминаи мусоид гузорад.
Виктор Никитюк Сафири Украина дар Тоҷикистон дар навбати худ барои ҳамкорӣ дар ин се самт изҳори омодагӣ карда, аз баргузории аввалин Форуми байналмилалии “Ҷавонон — неруи рушди зеҳнии кишвар”, ки бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон доир гардид, истиқбол намуд. Сафир изҳор дошт, ки баргузории чунин форумҳо барои наздик намудани ҷавонони кишварҳои гуногун нақши муҳим дошта, дар ин замина онҳо имкони табодули афкор ва таҷрибаро пайдо менамоянд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки барои ҳамкории бештар миёни кишварҳо имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки кумита дар моҳи июн Фестивали дӯстии ҷавононро ба нақша гирифтааст, ки дар он ҷавонони Ҷумҳурии Украина низ имкони ширкат ва табодули афкору таҷрибаро доранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






