Мулоқоти Э. Раҳмон бо ноиби президенти Бонки давлатии рушди Чин
Душанбе, 18.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки давлатии рушди Чин Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкории судбахши Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявии Чин баррасӣ шуд.Тавре зикр гардид, ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонк, асосан аз соли 2009 дар чаҳорчӯби муносиботи дуҷониба ва ҳам дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай оғоз ёфтааст. Тайи ин солҳо санадҳои зиёд барои ҷудо намудани қариб 100 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, асосан барои дастгирии бахши хусусӣ ва соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикситон ба имзо расидааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Чин барои дастгириҳои пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, изҳори бовар намуд, ки минбаъд ҳамкории дуҷониба боз ҳам густариш хоҳад ёфт.Дар ин робита атрофи лоиҳаи барномаи нави ҳамкории Тоҷикистону Бонки давлатии рушди Чин, ки дар ҳоли таҳияшавӣ қарор дорад, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Чунонки зикр гардид, бо қабул шудани ин барнома ҷанбаҳо ва ҳаҷми маблағҳои барои густариши ҳамкорӣ пешбинишаванда хеле афзун хоҳад шуд.Тавре иттилоъ доданд, имконоти Бонки давлатии рушди Чин хеле фарох аст, зеро он ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон беш аз 300 миллиард доллари амрикоӣ қарз ҷудо намудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






