Мулоқоти Фаррух Шарипов бо Атилла Торос
Анкара, 6. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимзода). — Сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо директори генералии Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Атилла Торос 4 майи соли 2015 дар Анқара мулоқот намуд.
Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ваъзи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия, низоми раводид, тартиби гирифтани иҷозати кор ва сабти иқомат, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муҳоҷират бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон, мубодилаи таҷриба ва иттилоот ва моҳияти «Қонун дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳимояи байналмилалӣ»-ро баррасӣ намуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






