Мулоқоти Парвиз Давлатзода бо Алдо Лале-Демоз
Душанбе, 28.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 27 майи соли 2015 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мушкилоти таҳдидҳои маводи мухаддир таҳти унвони “Таҳкими талошҳо доир ба ҳамкории байналмилалӣ дар бахши мубориза бо маводи мухаддир” мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ Парвиз Давлатзода бо муовини директори иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Алдо Лале-Демоз доир гардид.
Ҷонибҳо аз раванди мусбати рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати тақвияти ҳамкориро дар самти мубориза бо ин чолишҳо дар чаҳорчӯби Барномаи нави UNODC барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (2015-2019) бори дигар таъкид намуданд.
Ҳамзамон ҳарду ҷониб баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба мушкилоти таҳдидҳои маводи мухаддирро дар шаҳри Душанбе як сол қабл аз ҷаласаи вижаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба маводи мухаддир дар соли 2016 хамчун чорабинии саривақтӣ арзёбӣ намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






