Мулоқоти С.Аслов бо М. Паррикар
Душанбе, 13.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 13 майи соли 2015 дар Деҳлии Нав вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ҳиндустон Манохар Паррикар мулоқот намуд.Зимни суҳбат самтҳои асосӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои низомию техникии Тоҷикистон ва Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар иртибот ба рушди вазъият дар минтақа ва таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба ҷиҳати мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир табодули назари судманд сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






