Мулоқоти С.Аслов бо М. Таршаҳонӣ
Душанбе, 21.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 20 майи соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Таршаҳониро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.Дар ҷараёни суҳбат ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷониба, масъалаҳои тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо ва ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, бахусус СММ ва СҲИ баррасӣ шуданд.Ҳамчунин дар атрофи рушди вазъият дар Ховари наздик ва зарурати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм ва дигар чолишҳои амнияти минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар сурат гирифт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






