Мулоқоти С.Тағойзода бо Мустафо Бютюн
Душанбе, 30.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ҳафтаи ҷорӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Тағойзода бо роҳбари Агентии ҳамкории ТИКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустафо Бютюн мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ вобаста ба омода намудани кадрҳои баландихтисос дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон», зарурият ва имкониятҳои ҷалби мутахассисони тарафҳо дар таҳияи ҳуҷҷатҳои таълимӣ -нақшавӣ, стандартҳои тахассусӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муҳокима гардиданд.
Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои фароҳам овардани шароити маишӣ ва беҳтар намудани вазъи будубоши касбомўзони Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон»-ро баррасӣ намуданд.
Вохўрӣ дар фазои дўстона, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардид.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






