Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо раиси БИР
Душанбе, 18.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аъзамшо Шарифӣ дар шаҳри Ҷидда бо раиси Бонки исломии рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд дар бахшҳои мухталиф мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо аз натоиҷи ҳамкории судманд изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро ба татбиқи лоиҳаҳои нави сохторӣ иброз доштанд.
Сафири Тоҷикистон раиси Бонки исломии рушдро бо марому вазифаҳои Конфронси пешорӯи байналмилалӣ дар сатҳи олӣ аз рӯи натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, шинос карда, маводи заруриро ба эшон супурданд.
Доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон барои даъваташ ҷиҳати иштирок дар конфронси зикршуда сипосгузорӣ карда, изҳор дошт, ки ҳайати Бонки исломии рушд дар ин чорабинӣ иштирок хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






