Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки Исломии Рушд
Душанбе, 16.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аъзамшо Шарифӣ дар шаҳри Ҷидда бо Раиси Бонки рушди исломӣ (БИР) д-р Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқот анҷом дод.Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди исломӣ дар заминаҳои гуногун баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаҳои ҳамкории босамари бисёрсола, омодагии худро ба татбиқи лоиҳаҳои нави муҳимми зербиноӣ таъкид намуданд.Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти аҳаммияти глобалии мавзӯи об, Раиси Бонки рушди исломиро бо аҳдоф ва мӯҳтавои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 шинос намуда, ба ӯ маводди муаррифиро тақдим кард.Доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон барои даъват ба Конфронси об изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки Бонки рушди исломӣ дар ин чорабинӣ дар сатҳи баланд иштирок хоҳад кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






