Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Ваколатдори ВКХ-и Олмон
Душанбе, 05.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — 4 майи соли ҷорӣ дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқоти кории Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо Ваколатдори ВКХ-и Олмон оид ба масъалаҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Майер-Клодт баргузор гашт. Зимни суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаро баланд арзёбӣ карда, барои вусъати онҳо изҳори омодагӣ намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат Сафири Тоҷикистон оид ба вазъи сиёсию иқтисодии имрӯзаи Тоҷикистон, омодагии ҷониби Тоҷикистон ба Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Олмон, ки дар нимаи дуюми моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст ва ҳамзамон дар бораи омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» маълумот пешниҳод намуд.
Дар навбати худ Майер-Клодт иштироки ҷониби Олмонро дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи об иброз дошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






