Мулоқоти Тоир Каримов бо Владислав Маркевич
Душанбе, 21.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорат меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоир Каримов 20 май роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Федеролии Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Владислав Маркевичро ба ҳузур пазируфт. Ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдуллоҳи Қодирӣ, дар вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои танзими вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон — шаҳрвандони Тоҷикистон дар қалмрави Русияро баррасӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия шарикони стратегӣ мебошанд ва ҳалли масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар мадди аввал меистад.
Пайдо намудани роҳҳои бартараф намудани ин мушкилот дар якҷоягӣ бо Намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон барои шаҳрвандоне, ки вурудашон ба Федератсияи Русия манъ шудааст, ба манфиати шарикони стратегӣ хоҳад буд.
А. Қодирӣ аз ҷумла хотиррасон намуд, ки рўзҳои 27-29-уми майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Х-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия оид ба амалигардонии «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 16-уми октябри соли 2004 баргузор мегардад.
Қарор аст дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои вазъият дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, лоиҳаи Созишнома оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия мавриди назари тарафайн қарор гирад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






