Муъминобод: Офати табиӣ сари вақт бартараф гардид
Муъминобод, 19.05.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар нимаи дуюми рӯзи 17-уми майи соли ҷорӣ дар натиҷаи боридани борони пай дар пай ва омадани сел ба 50 метр роҳи деҳаҳои Лангар ва Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Муъминобод хисорот ворид гардид ва он таъҷилан аз тарафи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барқарор шуд.
Ба қавли раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршоев, хушбахтона, хонаҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои ёрирасон зарар надида, техникаҳои зарурӣ барои пешгирии офати табиӣ равона гардиданд.
Дар айни ҳол аз тарафи Муассисаи давлатии роҳҳои мошингард корҳои барқароркунӣ дар сойи Тебалай идома дошта, дар назар аст дар рӯзҳои наздик корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба итмом расанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






