Муроҷиатномаи ҷавонони Душанбе бахшида ба ҷашни Ғалаба
Душанбе, 08.05.2015. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар остонаи ҷашни 70-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар Душанбе ҷаласаи якҷояи намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо Шӯрои собиқадорону ҷангу меҳнати пойтахт доир гардид, ки дар он ҷавонони фаъолу ташаббускор, иштирокчиёну заҳматкашони ақибгоҳ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат намуданд.
Аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии пойтахт ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа муроҷиатномаи ҷавонони Душанбе ба собиқадорони ҷангу меҳнат дар арафаи иди бузурги Ғалаба бар фашизми Олмон қабул гардид. Аз ҷумла дар Муроҷиатнома омадааст: «Дар ҳама давру замон ҷавонон аз қаҳрамониҳо ва шуҷоату далерии фарзандони бонангу соҳибиродаи Ватан, ки барои ҳифзи арзишҳои инсонӣ ва нигаҳдории амнияту манфиатҳои миллӣ ҷон бохтаанд, ифтихор намуда, фаъолияти самараноки онҳоро пайравӣ менамоянд. Бешубҳа, мо, ҷавонон дирӯзу имрӯзу фардо аз қаҳрамониҳои бемисли Спитамену Шерак, Деваштичу Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ ва ё корнамоиҳои Неъмат Қарабоеву Ҳодӣ Кенҷаев, Сафар Амиршоеву Сайидқул Турдиев, Исмоил Ҳамзаалиеву Домулло Азизов, Тӯйчӣ Эрйигитову Александр Мироненко ва Набиҷон Акрамову садҳо ҳамватанони дигарамон, ки номи эшон ҳамеша зиннатбахши саҳифаҳои таърихи миллати барӯманди тоҷик аст, ифтихор мекунем».
Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки имрӯз бо арзи сипос аз қаҳрамониву ҷонфидоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, ки ба хотири ҳифзи якпорчагии Ватан ва нангу номуси халқу миллатҳои сулҳдусту озодихоҳи дунё ҷон бохтаанд, сабақ гирифта, заҳмати эшонро намунаи олии ватандӯстиву меҳанпарастӣ, расидан ба мақсаду маром ва ҳадафҳои башардӯстонаву ибратбахши насли кунунӣ қабул менамоем ва бо дарки масъулият, садоқату дӯстӣ, якдиливу эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ қарзи виҷдонии хеш мешуморем, то назди ҳар кадомашон сари таъзим фуруд орем.
То ҷое мусаллам аст, дар ин ҷанги хонумонсӯз миллионҳо нафар ҷавонони кишварҳои собиқ Шӯравӣ қурбони ҳадафҳои нопоки нажодпарастони гитлерӣ гардиданд. Дар ин набардҳо дар қатори садҳо халқияту миллатҳо ихтиёран бештар аз 250 ҳазор фарзанди бонангу номуси халқи тоҷик иштирок намуда, 50 ҳазор таҷикистонӣ дар ақибгоҳ дар заводу фабрикаҳои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ заҳмат кашид. Боиси таассуф аст, ки аз 300 ҳазор ҳамватанони мо, 92 ҳазорашон дар набардҳо ҷон бохтанд. Мо ҷавонон хуб дарк мекунем, ки ҷонбахшиву фидокориҳои онҳо барои фардои дурахшони миллату давлат будааст.
Ба хотири пос доштани қаҳрамониҳо ва мардонагию шуҷоати онҳо мо-ҷавонони пойтахт аз аввалинҳо шуда, дар марҳилаи ниҳоят мураккаби иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва бархурди манфиатҳои геополитикӣ, дастёбӣ ба манфиатҳои гурӯҳиву идеологӣ, замони таблиғи ғояҳои хатарноки ифротгароӣ, густариши моҷароҷӯиҳои ақидавӣ бо зиракиву ҳушёрии сиёсӣ собит месозем, ки рисолату шарафи инсонию ватандорӣ ва таърихии хешро адо намуда, барои пос доштани сулҳу субот, амнияти сартосарии Ватан ва ҳидояти насли наврас ба хизмати содиқонаи Ватан, ҳимояи марзу буми диёр ва пешбурди ақидаҳои солиму созанда саҳм мегузорем, омадааст дар муроҷиатнома.








Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд






