Мушкилоти нашъамандӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 15. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дирӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовар мизи мудаввар оид ба мушкилоти нашъамандӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони идораҳои давлатӣ, байналмиллалӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ширкат варзиданд.
Мақсади асосии баргузории ин нишаст пурзӯр намудани ҳамоҳангӣ ва тақвияти фаъолияти идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ғайриҳукуматӣ, ки дар соҳаи коҳиши зарар, табобат ва пешгирии нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд, мебошад.
Муовини директори агентӣ М. Хайдарзода зикр намуд, ки самти сиёсии ҳукумати кишвар ба пурзӯр намудани назорати маводи нашъадор, созмон додани заминаҳои ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ нигаронида шудааст. Вобаста ба ин зарур аст, ки фаъолияти сохторҳои байналмиллалӣ, ҷамъиятию давлатӣ оид ба пешгирӣ, табобат ва офиятбахшии нашъамандӣ дар ҳамбастагӣ бо самтҳои нав дар ин соҳа тақвият бахшида шавад.
Дар мизи мудаввар ҳамчунин масъалаҳои дастовардҳо ва дурнамои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҶТ барои солҳои 2013-2020», усулҳои табобати истеъмолкунандагони маводи нашъадор дар Тоҷикистон, натиҷаҳои тадқиқот оид ба арзёбии маблағгузорӣ ва дастрас будани хизматрасониҳо ва коҳиши зарар дар ҶТ, тарзу усулҳои табобати нашъамандон дар ҷои маҳрумӣ аз озодӣ баррасӣ гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






