Намоишгоҳи аксҳо дар Қоҳира
Душанбе, 07.05.2015. (АМИТ “Ховар”). — 6 май дар Маркази мисрии ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ дар Қоҳира зери сарпарастии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Арабии Миср намоишгоҳи аксҳо ба муносибати 70-умин солгарди Рӯзи пирӯзӣ бар фашизм дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ифтитоҳ ёфт. Намоишгоҳи мазкурро Сафорати Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагиҳои дипломатии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия ва Ӯзбекистон созмон дод.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо, ки дар он намояндагони корпуси дипломатӣ, вазорату идораҳо, аҳли илму фарҳанг, расонаҳои кишвари маҳалли иқомат ва дигарон ҳузур доштанд, муовини вазири корҳои хориҷии Миср Ёсир Мурод ва сафирони ҳафт кишвари мазкур сухан карданд.
Дар суханронии сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ аҳамияти сарнавиштсози пирӯзӣ бар фашизм дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, саҳми арзандаи Тоҷикистон дар таъмини ин пирӯзии таърихӣ ва меҳандӯстӣ, қаҳрамонӣ ва шуҷоати фарзандони кишвари мо дар майдонҳои набард, зарурати ҳалли тамоми низоъҳо бо роҳҳои осоишта бо истинод ба Ойинномаи СММ ба манзури таъмини сулҳу амнияти байнамилалӣ дар ҷаҳон таъкид гардид.
Дарҳои намоишгоҳи аксҳо дар Қоҳира то 13 майи 2015 боз хоҳанд буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






