Намоишгоҳи маҳсулоти Покистон дар Душанбе
Душанбе, 15.05.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 14 май раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо раиси Кумитаи минтақавии савдо ва ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, раиси ПСС шаҳри Равалпиндии Ҷумҳурии Исломии Покистон Хуршед Барлос мулоқот анҷом дод.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоилу дурнамои рушду густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, ҳамчунин муносибатҳои байни палатаҳои Тоҷикистону Покистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаи аз 3 то 7 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе доир намудани намоишгоҳи маҳсулоти шаҳри Равалпиндии Покистон ва ҳамоиши аҳли тиҷорат баррасӣ шуд.
Шариф Саид ба мусоҳибаш итминон дод, ки намоишгоҳ дар сатҳи баланд доир хоҳад шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






