Намоишгоҳ — ярмаркаи якуми музофоти Нинся дар Душанбе
Душанбе, 05.05.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Аз 18 то 21 май дар шаҳри Душанбе намоишгоҳ — ярмаркаи якуми музофоти Нинсяи ноҳияи мухтори Хуэи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад.
Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳ 18 май дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» сурат мегирад.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти истеҳсолкунандагон ва марказҳои тиҷоратии беш аз 55 ширкати музофоти Нинсяи Чин ба маърази намоиш гузошта мешаванд.
Нигораҳои асосии намоишгоҳ иборат аз либос, маснуоти нассоҷӣ, маводи ғизоӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, маводи сохтмонӣ, асбобҳои рӯзгор, маснуоти муина, ҳамчунин технологияҳои нави энергетикаи ивазшаванда мебошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






