Намоиши китоб бахшида ба ҷашни Ғалаба
Душанбе, 08.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).-Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии Ғалаба намоиши китоб доир шуд. Дар намоиш зиёда аз 50 номгўй китоби дар даврони ҷанг ва баъди он чопшуда бо ду забон — русӣ ва тоҷикӣ гузошта шуд.
Тибқи иттилои Китобхонаи миллии Тоҷикистон як бахши муҳимро китобҳои даврони ҷанг ва солҳои аввали баъдиҷангӣ ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, китобҳои «Таня» (Лидов П. соли 1942), «Ёддошти аскари сурх» (соли 1942), «Сурудҳои ҷанги Ватанӣ» (Абулқосим Лоҳутӣ соли 1943), «Чор ҳодисаи ҷанговарона» (Л. Успенский, Сталинобод- соли 1941), «Рўзҳое, ки қаҳрамононро ба вуҷуд меоранд» (Василевская Ванда соли 1943), “Гудоки зафар” (Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, соли 1949), «Достони марди ҳақиқӣ» (Борис Полевой, соли 1951) ва ғайра.
Куҳантарин китоб дар бораи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки дар ин намоиш гузошта шудааст, «Пионер дар сарҳад» ном дорад, ки ба қалами Ҳ. Обидӣ ва А. Усмонов мутааллиқ буда, соли 1941 ба табъ расидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






