Нархи чиптаҳои баъзе хатсайрҳои роҳи оҳан арзон шуд
Душанбе, 20.05.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» нархи чиптаҳои роҳи оҳан дар хатсайрҳои Душанбе Маскав ва Хуҷанд — Маскавро арзон кард. Тавре ки аз корхонаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, қарор дар бораи арзон кардани арзиши чиптаҳо баъди гуфтушунид бо роҳбарияти роҳҳои оҳани кишварҳое, ки қатораҳои Тоҷикистон сарҳади онҳоро убур мекунанд, қабул шуд. Акнун нархи чиптаи хатсайри Душанбе — Маскав 1 ҳазору 350 сомонӣ ва нархи чиптаи хатсайри Хуҷанд Маскав 1 ҳазору 280 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар бораи тахфифоте тасмим гирифта шуд, ки аз он метавонанд мусофирони доимии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» истифода намоянд. Ҳаҷми тахфиф вобаста ба ҷойи нишаст дар вагон мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






