Нашъаҷаллоби афғон дастгир шуд
Душанбе, 05.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Кормандони милиса дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ шаҳрванди 30 — солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир машғул буд, дастгир намуданд.
Мувофиқи маълумоти ВКД ҶТ, ҳангоми тафтиши борхалтаи шахси гумонбаршуда 6 килограмму 380 грамм маводи мухаддир аз қабили тарёк пайдо ва мусодира гардид.
Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.