“Нелегал-2015” оғоз шуд
Душанбе, 20.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар вилояти Суғд марҳилаи аввали амалиёти махсуси “Нелегал-2014” муташаккилона оғоз ёфт, ки то 29 моҳи май давом мекунад.
Ёдовар мешавем, ки мақсад аз ташкили ин амалиёти махсус ошкорсозии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташкилотчиёни он, мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, пурзӯр намудани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад. Дар амалиёт гурӯҳҳои санҷишии Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар вилояти Суғд низ иштирок мекунанд.
Қабл аз оғози амалиёт дар машварати кории назди сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сармутахассисони ҳайати гурӯҳҳои санҷишӣ ба масъулиятшиносӣ ва поквиҷдонӣ, хушмуомилагӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ даъват шуданд.
Дар давоми ду рӯз дар доираи амалиёти махсуси “Нелегал-2015” аз ҷониби сармутахассисони Раёсат 9 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ҷумла нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 адад, Ҷумҳурии Молдова 7 адад оғоз гардид, ки нишондиҳандаи хуб аст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






