Нишасти ширкатҳои туристии Тоҷикистон ва Туркманистон
Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ ).-Бо мақсади омӯхтани бозори туристии Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба гурӯҳи коршиносон ва роҳбарони ширкатҳои туристии Туркманистон аз 28 майи соли 2015 ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар доираи ин сафар имрӯз, 29 май соати 9:00 дар меҳмонхонаи Тоҷикистон мизи муддавар дар мавзӯи «Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи рушди туризми меҳмонхонавӣ» доир мегардад. Дар он ширкатҳои туристии Тоҷикистон ва Туркманистон ва масъулини соҳаи сайёҳӣ ширкат меварзанд.
Нишаст дар заминаи амалӣ намудани Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи туризм миёни Тоҷикистону Туркманистон сурат мегирад.
Сафари гурӯҳи коршиносон ва роҳбарони ширкатҳои туристии Туркманистон ба Тоҷикистон то 31 май идома ёфта, онҳо аз мавзеъҳои туристиву тамошобоби Тоҷикистон, пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе, дараи Варзоб ва водии Ҳисор боздид менамоянд.
Ин барои мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ миёни ширкатҳои туристии ду кишвар ва рушди соҳаи сайёҳии мамлакат муҳим арзёбӣ мегардад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар гузашта ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон низ ба Туркманистон сафар карда буданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дод .








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






