Нишони биринҷии Комроншоҳу Саидҷалол дар Кувайт
Душанбе, 15.05.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё ҷои сеюмро касб намуда, медали биринҷиро ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа, ки рӯзҳои 13-14 май дар Кувайт баргузор шуд, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 ва Саидҷалол Саидов дар вазни 100 кг мақоми сеюмро ишғол карданд.
Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳ дар ду рақобати аввал ҳарифонаш — Муҳаммад Махтуб (Фаластин) ва Ислом Бозбоев (Қазоқистон)-ро шикаст дода, дар қисмати ниманиҳоӣ аз паҳлавони ҷопонӣ Даики Нишияма мағлуб шуд. Сипас, қувваозмоӣ бо паҳлавони чинӣ Хинзао Ченро ба нафъи худ анҷом дода, дар мақоми сеюм нишаст.
Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов дар даври аввали қувваозмоӣ рақиби чиниаш Кай Ҳуро мағлуб карда, дар даври дувум аз Максим Ракови қазоқистонӣ шикаст хӯрд. Баъдан рақиби эронияш Ҷавод Маҳҷубро ноком гардонида, дар рақобатҳо барои ҷойи севум Рамзиддин Саидови ӯзбекистониро мағлуб сохт.
Хотиррасон менамоем, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё ба ҷуз Комроншоҳу Саидҷалол, Тоҷикистонро панҷ варзишгари дигар намояндагӣ карданд, ки ба дарёфти медал мушарраф нагаштанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






