Нуробод: кумакҳои Президенти кишвар ба иштирокчиёни набард
Нуробод, 12.05.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Дар рӯзҳои ҷашни Ғалаба дар ноҳияи Нуробод бо иштироки раиси ноҳия Дӯстзода Ҳасан Тағдир ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наими Аламхони Қодириён, кормандони дастгоҳи ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва мактаббачагон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлис кумакҳои пулии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наими Аламхони Қодириён ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорид. Ҳамчунин раиси ноҳия Дӯстзода Ҳасан Тағдир ба ин ҷанговарони содиқ туҳфаҳои хотиравӣ ва кумакҳои пулию маводи хӯрокӣ тақдим кард. Аз ҳисоби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва ҷамоату ташкилоту муассисаҳои ноҳия ба иштирокчиёни ин набард кумакҳои пулию маводи хӯрокӣ расонида шуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






