Оғози ҷаласаи КООМЕТ дар «Баҳористон»
Душанбе, 27.05.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар Осоишгоҳи «Баҳористон» -и шаҳри Қайроқум ҷаласаи 25-уми Кумитаи КООМЕТ (Ташкилоти минтақавии метрологӣ) ба кори худ оғоз бахшид.
Иштирокчиёни ҷаласаро директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Ибодулло Қурбониён аз номи Ҳукумати мамлакат шодбош гуфт. Сипас, президенти Кумитаи КООМЕТ В. Куритоков масъалаҳои баррасишавандаро пешниҳод намуд.
Дар ҷаласа як силсила масъалаҳои марбут ба соҳаи метрология, аз қабили гузаронидани санҷишҳои муқоисавии метрологӣ, таҳия ва таҷдиди санадҳои меъёриву техники соҳа, ташкили корҳои омӯзишӣ, тавсеаи ҳамкориҳои марказҳои метрологӣ ва амсоли инҳо баррасӣ мегарданд.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони соҳа аз 11 кишвар, аз ҷумла Русия, Чин, Олмон, Фаронса ва кишварҳои аъзои ИДМ иштирок доранд.
Мавриди зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва пешрафти соҳа мусоидат менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






