Оғози ҷаласаи саҳмдорони «Роғун»
Душанбе, 22..05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушода /ҶСК/-и «Неругоҳи барқи обии Роғун» имрӯз дар Душанбе оғоз ёфт. Интизор меравад, ки дар маҷлиси солонаи саҳмдорони НБО «Роғун» ҳисоботи солонаи ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2014, инчунин хулосаи аудитори ҶСК НБО «Роғун» барои солҳои 2013-2014, ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2014 ва масъалаи зиёд намудани сармояи барномаи он баррасӣ гардад. Ҳамзамон дар маҷлиси солона интихоби аъзои Комиссияи тафтишотӣ ва аъзои Комиссияи баҳисобгирии НБО «Роғун» матраҳ мегардад. Инчунин аудити ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2015 тасдиқ гардида, дар маҷмӯъ дар ҷаласа ҳудуди 9 масъала баррасӣ хоҳад шуд. Мавриди зикр аст, ки НБО «Роғун» дар километри 110-уми қисмати шарқии Душанбе бо иқтидори лоиҳавии 13,1 миллиард кВт соат дар як сол бунёд мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






