Оғози мавсими туристӣ дар Тоҷикистон

Май 4, 2015 11:03

Душанбе, 04.05.2015. (АМИТ «Ховар»,  Некрӯзи Муҳаммадсодиқ ).-Бо баргузории як чорабинии рангини фарҳангӣ дар ноҳияи Варзоб мавсими сайёҳӣ барои соли 2015 дар Тоҷикистон расман оғоз ёфт. Дар маросими расмии кушодашавии он Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сухан гуфт. Таъкид шуд, ки соҳаи сайёҳӣ дар кишвар сол ба сол рушд ёфта, ҷуғрофияи ташрифот низ васеъ гаштааст. Солҳои охир бо тариқи инфиродӣ ва муташаккилона намояндагони беш аз 80 мамлакати дунё аз Тоҷикистон ҳамчун турист боздид мекунанд. Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. 
 Дар чорабинӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии ватанӣ намоиши маҳсулоти савғотӣ, озмунҳои хӯриши беҳтарин, осоишгоҳи беҳтарин ва пешниҳод намудани хайсайрҳои туризми дохилӣ доир шуданд.
Дар заминаи оғози мавсими туристӣ дар терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе гӯшаи электронии иттилоотӣ ва дар ташкилоти «Бохтариён» — и шаҳри Душанбе «Маркази иттилоотӣ барои сайёҳон» кушода шуд, ки ин барои ҷалби сайёҳон ва муаррифии минтақаҳои туристии кишвар таъсири мусбат мерасонад. 
Ин дар ҳолест, ки соли 2015 Соли муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ эълон гардида, моҳи август нахустин Конфронси байналмилалии туристии «Тоҷикистон  кишвари туризм», Фестивали сайёҳиву фарҳангии Мероси роҳи Абрешим таҳти унвони «Рангоранг» ва Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ дар мавзеи Москвинаи ноҳияи Ҷиргатол ба нақша гирифта шудааст.  
 

Май 4, 2015 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд