Офати табиӣ ба ноҳияи Кубодиён зарари иқтисодӣ расонид
Душанбе, 12.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тавре ки аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 11-уми майи соли 2015 соати 17:30 дақиқа дар натиҷаи боридани борони бошиддат ва омадани сел дар ҷамоати деҳоти ба номи «Утақара Назаров» деҳаҳои Бошқалъа ва Чапари 2-и ноҳияи Қубодиён тахминан ба 300 га замини кишоварзии ноҳия зарари иқтисодӣ расид.
Дар айни ҳол дар ҷои ҳодиса сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон Ҳотамшоҳ Шарифов бо ҳайати комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия фаъолият намуда, маблағи зарари расонидашударо муайян намуда истодаанд.
Бино ба гуфтаи котиби матбуоти кумита Ориф Нозимов дар ҷамоати деҳоти «Қизил-қалъа»-и деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Хуросон ба заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон обу лойқа даромада ва як хонаи истиқоматии шаҳрванд Сулаймонқул Алиев пурра вайрон гаштааст.Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Бояд зикр кард, ки дар ноҳияҳои мазкур, комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода фаъолият дошта, ин ба ҳолатҳои фавқулодаи минтақавӣ шомил мебошад ва бо қувва ва маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии вилоят бартараф мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






