Оила -рукни асосии ҷомеа
Кӯлоб,18.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).-Дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони «Оила -рукни асосии ҷомеа» вохӯрӣ доир гардид. Даромадгоҳи қаср бо дастовардҳои мардумӣ, шиору овезаҳои мансуб ба ин ҷашн оро ёфта буд, ки иштирокчиён аз ин намоишгоҳ дидан карданд. Дар чорабинӣ се ҷуфт дугоник, яке аз ҷамоати Даҳана ва ду ҷуфти дигар аз шаҳр, панҷ оила намунавӣ аз ҷамоатҳои ноҳия ва шаҳри Кӯлоб иштирок карданд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло гуфт, ки эълони соли 2015 чун соли оила маҳз баҳри таҳкими оила ва мустаҳкамии оилаҳои ҷавон мебошад. Рӯз аз рӯз сафи оилаҳо меафзояд ва маҳз чунин чорабиниҳо барои тарбияи оилаҳои ҷавон ва бархурдории онҳо аз фарҳанги оиладорӣ дар асоси рукнҳои фарҳангии ниёгонамон таъсиррасон мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






