Оила ва нақши он дар ҷомеа
Душанбе,14.05.2015.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бахшида ба рӯзи байналмилалии оила 13 май дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи «Оила ва нақши он дар ҷомеа» ҷаласа доир гардид.Муовини ректор оид ба таълим Илҳомуддин Иброҳимов зикр намуд, ки дар донишкада пайваста ба муносибати эълон шудани Соли оила чорабиниҳои илмию фарҳангӣ бо иштироки масъулин аз мақомоти гуногун доир мешаванд ва вохӯрии имрӯза низ дар шумули онҳост. Номбурда ҳадафи баргузории ин қабил вохӯриҳоро дар баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона арзёбӣ кард.Дар ҷаласа иштирокдорон оид ба масъалаҳои бунёди оилаи солим, мушкилот ва сабабҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон сухан гуфтанд. Инчунин дар мавзӯъҳои «Таърихи пайдоиши оила» ва «Оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ» аз ҷониби устодони донишкада маърӯзаҳо шунида шуданд. Гуфта шуд, ки никоҳи хешовандӣ аз унсурҳои ноустувори миллат ва ҳаёти фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодии инсоният ба шумор рафта, ба руҳу ҷисми инсон таъсири манфӣ расонида, халал дар пояндагии ӯ мебошад. Бояд гуфт,ки асоси ҷомеаи солим аз насли солим вобастагӣ дорад ва барои сохтани ҷомеаи солим ба никоҳи хешу таборӣ бояд садди роҳ шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






