Омодагии Тоҷикистону Чин ба машқҳои тактикӣ-низомӣ
Душанбе, 15.05.2015. (АМИТ«Ховар», Муқаддас Темурзода).- Вохӯрии вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсат оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятии Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Вэйя вохӯрӣ доир намуд.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ масъалаҳои баргузории машқҳои муштараки тактикӣ-низомии зиддитеррористӣ байни мақомоти корҳои дохилии ҶТ ва ҶМЧ дар шароити кӯҳсор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки ҷонибҳо ҷузъиёти гузаронидани машқҳои тактикӣ-низомии якҷояро мавриди муҳокима қарор дода, андеша ва таклифҳои худро иброз доштанд.
Дар мулоқот нақшаи якҷояи гузаронидани машқҳои муштараки тактикӣ-низомии зиддитеррористиро дар шароити кӯҳсор, ки аз ҷониби вазирони ҳарду ҷониб тасдиқ гардида, ба имзо расидааст, байни ҳам мавриди мубодила қарор доданд.
Бояд тазаккур дод, ки ба наздикӣ гузаронидани машқҳои муштараки тактикӣ-низомии зиддитеррористӣ дар шароити кӯҳсор байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назар аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






