Осоишгоҳи «Баҳористон» Рӯзи оиларо таҷлил намуд
Душанбе, 15.05.2015 (АМИТ “Ховар”).- Чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Соли оила 14 май дар осоишгоҳи беҳтарин миёни истироҳатгоҳҳои Тоҷикистон — Осоишгоҳи “Баҳористон” доир гардиданд.
Ба “Баҳористон” аз тамоми қаламрави вилояти Суғд оилаҳои намунавӣ, ки дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳмузор мебошанд, даъват гардиданд. Барои онхо дар толори маросимҳои осоишгоҳ хони идона ороста шуда, гурӯҳҳои эҷодӣ бо савту навои худ ба ин маҳфил хушиву хурсандӣ зам намуданд.
«Оила ҳамчун асоси ҷомеаи муосир нагаҳдори арзишҳои умумибашарӣ, фарҳанг ва робитаҳои таърихӣ маҳсуб ёфта, омили рушду осоиш мебошад»,-гуфт сардухтури Осоишгоҳи “Баҳористон” Баҳодур Султонов.
Инчунин дар доираи амалисозии Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” маросими хатнасури якчанд наврас, ки аз оилаҳои ниёзманд мебошанд, гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ, Осоишгоҳи “Баҳористон” ҳамчун ташкилоти дастгири иҷтимоиёт, пайваста оилаҳои ниёзмандону камбизоатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Туҳфаҳои омоданамудаи Осоишгоҳи “Баҳористон” — ро аз номи директори муассиса Абдумалик Содиқов ба кӯдакон супурд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






