Осорхонаи зоологии АИ ҶТ номи академик Ислом Абдусаломовро гирифт
Душанбе, 7.05.2015.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Осорхонаи зоологии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АИ ҶТ ба номи академики АИ ҶТ Ислом Абдусаломов гузошта шуд.
Бино ба иттилои котиби матбуоти АИ ҶТ Латиф Латифов 4 май маросими расмии номгузорӣ гардидани Осорхонаи зоологӣ ба номи академик И.Абдусаломов дар Институти зоология ва паразитологияи АИ ҶТ доир гардид. Дар маросим ноибони президенти АИ ҶТ Муҳиба Яқубова, Саидмуҳаммад Одинаев, саркотиби илмии АИ ҶТ Абдусаттор Саидов ва кормандони Институти зоология ва паразитологияи АИ ҶТ иштирок намуданд.
Саркотиби илмии АИ ҶТ Абдусаттор Саидов зикр намуд, ки рушди нумӯи илми зоология дар Тоҷикистон аз ибтидои солоҳои 50-уми асри гузашта бо номи доктори илмҳои биологӣ, профессор, академики АИ ҶТ, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон Ислом Абдусаломов вобастагии зич дорад.
И.Абдусаломов ҳамчун олими варзидаи соҳаи зоология, орнитология (паррандашиносӣ), ҳифзи олами ҳайвонот ва захираҳои табиӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз марзи он шинохта шудааст.
Дар фаъолияти илмии И.Абдусаломов масъалаҳои тарғиби донишҳои илмӣ оид ба ҳифзи олами ҳайвоноти Тоҷикистон мавқеи хосса дорад. Ӯ ташаббускори таҳия намудани «Китоби Сурхи Тоҷикистон», муаллиф ва муҳаррири масъули ин китоб ба ҳисоб меравад.
Бо ташаббус ва иштироки бевоситаи И.Абдусаломов соли 1960 дар назди Институти зоология ва паразитологияи АИ ҶТ музеи зоологӣ созмон дода шудааст, ки дар миқёси Осиёи Марказӣ ҳамто надорад ва дар тарғиби донишҳо оид ба гуногуни ва ҳифзи олами ҳайвоноти Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.
Номи академик И.Абдусаломовро гирифтани осорхонаи зоологии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский нишонаи арҷгузорӣ ба хизматҳои илмии академик И.Абдусаломов дар рушди илми зоология дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






