Озмун: Ҳамнишине беҳ аз китоб набвад
Душанбе, 29. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бо иқдоми Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар саросари кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» мегузарад.
«Ин озмун аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки ҳадафи он тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, ватандӯстии кӯдакону наврасон, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, фарҳангии онҳо, ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ ва тамоми аҳли ҷомеа ба мушкилоти раванди хониши кӯдакону наврасон мебошад»,- баён дошт директори китобхонаи мазкур, номзади илмҳои педагогӣ Қурбон Авғонов.
Тибқи қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги кишвар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ, эҷодӣ, китобхонаҳо вазифадор шудаанд, ки барои гузаштани ин чорабинӣ мусоидат намоянд. Аз ин хотир, дар доираи озмун чорабиниҳои фарҳангӣ — маърифатӣ доир гардида, сатҳи донишомӯзӣ, маҳорату малакаи насли наврас омӯхта, ба онҳо баҳри тақвияти омилҳои мазкур кумак расонида мешавад.
Барои иштирок дар даври ҷамъбастии озмун аз ҳар як вилоят, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе як нафарӣ пешниҳод мешавад. Зимни ҷамъбасти озмун ғолиби он бо «Гран-при» мукофотонида шуда, ҳамзамон «Хонандаи беҳтарин», «Оилаи китобдӯст» ва «Китобхонаи беҳтарин» муайян мешавад.
Ҷамъбасти озмун дар Рӯзи китоб — 4 сентябр баргузор мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






