Озмун бахшида ба Рӯзи ҷавонон
Душанбе, 07.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ, мусоидат ва тавсеа бахшидани эҳсоси худшиносӣ, садоқат ба Ватан, арҷгузорӣ ба таърих ва тамаддуни халқи тоҷик, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият, муаррифии дастовардҳои ҷавонони соҳибистеъдод ва дастгирии бештари онҳо дар нақшаи чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии иншои беҳтарин таҳти унвони “Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар!”,дар мавзуи «Дастовардҳои ҷавонони даврони соҳибистиқлол» ва мусаввирони ҷавон зери унвони “Тоҷикистон — кишвари ман ” миёни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва махсуси касбии мамлакат ва дигар наврасону ҷавонони соҳибистеъдод эълон менамояд.
Ҳамаи ҷавонони хоҳишманд метавонанд дар озмун ширкат варзанд. Ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмунро диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ интизор аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






