Озмун: «Кӯдакон зидди маводи мухаддир»

Май 19, 2015 15:36

Душанбе, 19. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бо мақсади амалигардонии “Стратегияи миллии мубориза бар зиддди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солхои 2013-2020” ва бахшида ба Рӯзи ҷавонон  18 май дар мактаб-интернати президентии шаҳри Хоруғ озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Кӯдакон зидди маводи мухаддир» байни мактабҳои миёнаи №2, 8 ва гимназияи президентии шаҳри Хоруғ баргузор гардид.
Хонандагони синфҳои болоӣ ба кашидани расмҳо дар рӯи асфалт оғоз намуда, расмҳои пешакӣ кашидаашонро дар деворҳо часпонда ба намоиш гузоштанд. 
Дар фарҷоми озмун доварон расмҳои беҳтаринро интихоб намуда, ғолибони ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юмро муайян намуданд. Ғолибони озмун бо ифтихорномахои Раёсати агентӣ мукофотонида шуда, инчунин аз тарафи ТҒД «Волонтер» бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Май 19, 2015 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш