Озмуни «Кадбонуи беҳтарин»
Душанбе, 25.05.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бахшида ба соли оила ва таҷлили рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи гузаронидани «Даҳ рӯзи ҷавонон»дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид. Озмун байни донишҷӯдухтарони факултаҳои донишкада сурат гирифт. Дар озмун донишҷӯдухтарон ҳунару маҳорати кадбонугии худро ба дараҷаи баланд нишон дода, аз уҳдаи шартҳои гузошташуда ба хубӣ баромаданд. Пас аз анҷом ёфтани шартҳои озмун ҳакамон ҷои аввалро ба донишҷӯдухтарони факултаи ҳисобдорӣ ва омор, ҷои дуюмро ба факултаи менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ ва ҷои сеюмро ба донишҷӯдухтарони факултаи муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ доданд. Бояд гуфт, ки баргузории ин қабил чорабиниҳо барои ба ҳаёти оилавӣ омода шудани духтарон ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ мусоидат менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






