Озмуни «Зани намунавӣ»
Душанбе, 25.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Чанде қабл дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба соли оила озмуни «Зани намунавӣ» баргузор гардид.
Дар озмун 4 нафар омӯзгорзан аз рӯи иҷрои 9 шарт: саломнома, қироати шеър аз ашъори шоирони классикии форсу тоҷик, намоиш додани ҳунарҳои ғайримуқаррарии худ, тарзи тунук намудани хамир ва буридани угро, тарзи омода намудани хӯриши тезтайёр, бастани галстук, ороиши мӯйи сари духтарон, хондани суруди алла, посух ба суолҳои ҳакамон оид ба соли оила иштирок намуданд.
Омӯзгорон аз ҳар ҷиҳат ҳунарҳои худро намоиш дода, сазовори баҳои баланди доварон гаштанд. Дар ҷараёни озмун, аз ҷумла дастаи ҳаваскорон аз ҳисоби донишҷӯёни коллеҷ ҳунарнамоӣ намуданд.
Гарчанде баҳо додан ба ҳунари омӯзгорон хеле мушкил буд, вале бо як овоз бо гирифтани 175 хол пирӯзӣ насиби омӯзгор Фарангис Назарова гардид.Ҷои дуюм насиби Фарзона Шарипова, ҷои сеюм насиби Кибриё Эмомова ва ҷои чорум насиби Эътибор Султонова гардид.
Озмун хеле хотирмон гузашт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






