“Падар, модар ва ман — оилаи варзишгар”-озмун
Қайроққум, 26.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳру ноҳияҳои шимоли кишвар дар доираи эълони соли 2015 — соли оила чорабиниҳои мухталиф доир гардида истодаанд. Тавре ки аз шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти вилоятӣ иттилоъ доданд, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят чорабиниҳо таҳти унвони «Оила — эҳёгари анъанаҳои миллӣ» ҷараён доранд.
Ҳамзамон дар ин радиф баҳри тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҳарчи бештари оилаҳо ба варзиш низ як силсила чорабиниҳои варзишии оммавӣ бо номи “Варзиш — асоси солимии оила” низ ҷараён доранд.
Бахшида ба Соли оила ва таҷлили Рӯзи ҷавонон бо ибтикори мақомоти маҳаллии шаҳри Қайроққум ва бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр дар толори варзишии «Истиқлол»-и шаҳр бо иштироки намояндагони корхонаву муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳракҳо озмуни шаҳрии «Падар, модар ва ман — оилаи варзишгар» гузаронида шуд. Дар интиҳои мусобиқа ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти маҳаллӣ сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






