Пайванди наслҳо дар вилояти Суғд
Душанбе, 13.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар чойхонаи миллии «Қасри Арбоб»-и ноҳияи Б. Ғафуров бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шуъбаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят бахшида ба Соли оила ва «Рӯзи байналмилалии оила» маҳфили телевизионии оилаҳои беҳтарин таҳти унвони «Пайванди наслҳо» баргузор гардид.Дар маҳфили мазкур 75 оилаи барӯманд аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзида, аз ҳаёту фаъолияти хеш доир ба пойдории оила ва фарҳанги оиладорӣ нақлҳо карданд.Ҳамчунин дар чорабинии идона муовини раиси вилоят Н.Ғаффорова, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Р.Маҳмудзода, шахсони масъули шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оила ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд. Табрикоти раиси вилоят бахшида ба Рӯзи байналмилали оила аз ҷониби муовини раиси вилоят Н.Ғаффорова қироат шуд.Маҳфилро иштироки санъаткорони вилоят шукӯҳи тоза бахшида, аз ҷониби гулдухтарон либосҳои миллӣ намоиш дода шуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






