Педагогикаи фароғат нашр гардид
Душанбе, 14.05.2015. (АМИТ Ховар, Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз илми фароғатшиносӣ дар қатори дигар илмҳо пешрафт намуда, рӯз ба рӯз доманаи он густурдатар шудааст. Чанде қабл китоби олим Сафар Сулаймонӣ Педагогикаи фароғат аз чоп баромад. Дар китоб масоили педагогикаи фароғат дар назария ва амалияи рушди фарҳангии шахс, қисмҳои асосии фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ, педагогикаи фаъолияти маърифатӣ ва таҳсилӣ дар соҳаи фароғат, технологияи ташкили фароғати кӯдакон ва наврасон, нақши барномаҳои фарҳангию варзишӣ дар раванди иҷтимоишавии кӯдак, технологияи ислоҳи рафтори ношоиста, технологияи фароғати ҷавонон, фароғати хонавода, ташкили фароғати калонсолон, фароғати нобиноён, фароғат дар ислом, илоҳиётшиносии фароғат, ханда ва фароғат мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар бахши ҷамъбандӣ ва пешниҳод роҳҳои такмили фаъолиятҳои фароғатӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа матраҳ гардидаанд. Китоб барои мутахассисони соҳаи педагогика, фарҳангу фароғат ва касоне, ки ба чунин масъала сарукор доранд, муфид мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






