Пеш аз сафар ба Русия суратҳисоби нафақавӣ кушоед
Душанбе, 15.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-15 майи соли 2015 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №32 ноҳияи Синои пойтахт бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омўзгорон вохўрии судманд баргузор гардид.
Дар он кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе Равон Мерганов, Фаридун Сайғуфронов, мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино Амиралӣ Шарипов, сармутахассис-котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки МИҲД ноҳия Пулод Сияков, котиб-ҳамоҳангсози Ассотсиатсияи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ «Ҷавонони раванди рушд» Амиралӣ Фақиров, намояндаи Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст ва зӯҳравӣ Ойдиной Мансурова иштирок доштанд.
Дар вохўрӣ зиёда аз 170 нафар хонанда иштирок намуда, доир ба қонунгузории нави Федератсияи Русия дар самти муҳоҷират, тартиби гирифтани патент, муҳлати будубош, нигоҳ доштани асолати оила, расонидани кумакҳои моддию маънавӣ ба аҳли оила, падару модар, арҷ гузоштан ба суннатҳои миллию аҷдодӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, муҳаббат ва содиқ мондан ба Ватан, шомил нагаштан ба гурўҳҳои ифротгарою экстремистӣ суҳбат карданд.
Ба хонандагони мактаб масъалаи пеш аз сафар ба ФР кушодани суратҳисоб ҷиҳати пардохти нафақа дар Тоҷикистон ва масъалаҳои дарёфти ҷойи кор дар Ҷумҳурии Казоқистон, шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Екатеринбург тавассути ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мусоидати ҳуқуқӣ”, омўзиши касбу ихтисосҳои дар бозори меҳнати хориҷи кишвар рақобатпазир маслиҳатҳои муфид дода шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






