Пешгирии падидаҳои номатлуб байни ҷавонон
Душанбе, 08.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бахшида ба таҷлили Соли оила бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдор дар шаҳраки 23-и ноҳияи Фирдавсӣ байни занону ҷавонон вохӯрӣ гузаронид. Ҳадаф аз ташкили вохӯрӣ ин пешгирии падидаҳои номатлуб ва ифротгароӣ байни ҷавонон, тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, авҷ гирифтани тақлиду бегонапарастӣ, фарҳангӣ либоспӯшӣ, нигоҳ доштани фарҳангу тамаддуни миллӣ буд.
Зимни вохӯрӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Зӯҳро Асророва оид ба маданияти шаҳрдорӣ, риоя намудани талаботи қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва ободонӣ, пешгирии оилавайронӣ, косташавии тарбия дар оила ва дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани фарзандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, никоҳҳои хешутаборӣ, даъват намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сухан гуфт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






