Пешниҳоди Шўрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба тандурустӣ
Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо мақсади иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе аз 15 ноябри соли 2011 дар бораи таъсиси «Шўрои тандурустӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Душанбе» сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе оид ба баргузории ҷаласаи навбатии Шўрои тандурустӣ, ки ҳафтаи гузашта дар беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таҷилии тиббӣ баргузор гардид, намояндаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе иштирок намуд.
Дар кори он роҳбарони марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, ташкилотҳои ғайриҳукуматии байналахалқӣ ва ҷумҳуриявие, ки дар соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, иштирок доштанд.
Намояндаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе пешниҳод намуд, ки бо назардошти қонунгузории имрўза ҷиҳати аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ, воридкунии тағйирот ба қонунгузории соҳа боиси дастгирист. Мунтазам гузаронидани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ якҷоя бо аъзои Шўро ба манфиати кор мебошад. Маърифатнокии муҳоҷирони меҳнатиро бо паҳкуниии маводи иттилотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баланд бардоштан зарур аст.
Аъзои «Шўрои тандурустӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Душанбе» зарур шумориданд, ки дар даруни тайёраҳо, қатораҳо ё ҳангоми гузаштани муҳоҷирон маводи иттилоотии соҳаи тандурустӣ тақсим шавад, вақти баргаштани муҳоҷирон рўйхаташон аз ҷониби Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ба марказҳои саломатии шаҳри Душанбе ирсол карда шаванд, суғуртаи ихтиёрии тиббӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷорӣ шавад. Баъди нишондиҳии рентгени фюлографӣ маълумот дода шавад.
Тавре ки сухангӯи Хадмоти муҳоҷират А.Қодирӣ хабар дод, қарори мазкурро аъзои ҷаласа тарафдорӣ намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






