Пирӯзии «Равшан» бар дастаи ССКА «Помир»
Душанбе, 25.05.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Се бозии даври ҳафтуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон шоми шанбеи 23 май натиҷагирӣ шуд. Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар меҳмонӣ бар дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 3-2 ғалаба кард. Қисми аввали бозӣ ба фоидаи футболбозони дастаи Равшан бо ҳисоби 2-0 хотима ёфт. Ёдовар мешавем, ки голҳоро Наврӯз Рустамов ва Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронӣ ба самар расонданд. Голи севуми меҳмононро Ҳусейни Сӯҳробӣ дар оғози нимаи дувум зад. Баъдан ду бор Давронҷон Тухтасунов ҳамлагари мизбонон тӯбро ба дарвозаи дастаи Равшан ворид кард. Зимнан ин ғалабаи севуми дастаи Равшан ба шумор меравад, Се имтиёз ба кӯлобиҳо имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқа як зина боло шаванд ва ҷойи 5-ум-ро касб намоянд.Дар ҳамин ҳол дастаи Истиқлол, ки дар ҳамаи шаш бозӣ ғалаба кардааст, бо 18 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи аввал қарор дорад.дастаи Хайр бо 13 имтиёз дар ҷойи дувум ва дастаи Регар-ТадАЗ бо 12 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






